Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита
Нашр шуд. Ҷум, 27/01/2023 - 17:36
27 январи соли 2023 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла рафти Татбиқи марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», таҳия, истеҳсол, тарҷума, дубляж ва пахши филмҳои ватании тарбиявӣ, ҳунарӣ, ва кўтоҳметраж, филмҳои мустанад, илмӣ-оммавӣ, аниматсионӣ ва силсилафилмҳо, такмилу дигаргунсозии шаклу услуби пешниҳоди барномаҳо бо истифода аз методологияи нав ва ҷолиб барои байни кўдакону наврасон, беҳтар намудани ҷараёни эҷодӣ дар барномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ, ҷустуҷўи усулҳои самарабахши барномаҳои телевизионӣ ҳамчун воситаи ташаккули шахсияти кўдак, ҳифзи он аз таъсири маълумоти номатлуб ва робитаи бевоситаи хурдсолон бо телевизион мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни баррасии нақши филмҳои аниматсионӣ, бахусус маводи истеҳсоли ватанӣ муҳим дониста шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар ин самт ба сохторҳои дахлдор дастурҳои лозима дода шуд.

25 январ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи Гурӯҳи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
25 январ дар шаҳри Милан бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо қароргоҳ дар Париж) имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар соҳибкорон ва сармоягузорони итолиёвӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму тараб онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта истодаанд. Дар ин робита, хабарнигори АМИТ бо президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ АСОЗОДА оид ба моҳияти иди Сада суҳбат намуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем:




