Ахбор

Дар Русия ғолибони Озмун барои беҳтарин мақола бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Тоҷикистон муайян шуданд

Рўзноманигори тоҷик Фарзона Муҳаммадиева аз шаҳри Екатеренбург ҷойи аввал, магистранти тоҷик Наргис Ёрова аз шаҳри Тюмен мақоми дуюм ва мухбири дигари тоҷик Камолиддин Каримов аз шаҳри Уляновск мақоми сеюмро дар озмуне, ки соли 2022 барои беҳтарин мақола бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия эълон гардида буд, сазовор гаштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шўрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

«Мақсад аз баргузории озмуни мазкур тарбияи ҳисси ватандўстӣ дар замири ҳар як ҳамватани бурунмарзии мо, ифтихор кардан аз Ватани аҷдодӣ — Тоҷикистони соҳибистиқлол ва арҷ гузотан ба фарҳангу таърихи қадимаи он мебошад», — таъкид карданд созмондиҳандагони озмун.

Тавре гуфта шуд, озмуни мазкур аз ҷониби Шўрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия соли 2022 миёни рӯзноманигорони тоҷики муқими Русия ва ҳамватанону донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлати иқомат таҳсил менамоянд, эълон гардида буд.

«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН!». Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Сада бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷашнгоҳ.

Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда буд. Дар атрофи  он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ,  тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.

Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.

Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.

Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист.

Воқеан оташ дар тасаввуроти асотирии мардумони ориёӣ порае аз фурӯғу гармии хуршед дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад.

Дар асоси сарчашмаҳои асотирӣ ва адабӣ шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.

Басо рамзист, ки оташ расо панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб қабл аз эътидоли баҳорӣ ва фарорасии соли нав кашф шуда, номи он низ бо ҷашни Наврӯз иртибот мегирад.

Дар ин бора яке аз адибони маъруфи асри XI Манучеҳрӣ мегӯяд:

В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш
Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор.

МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ! Пагоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе иди Сада таҷлил мегардад

Пагоҳ, 29 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ҷашнгоҳ гулхани баргу, ки рамзи ин ид мебошад, афрӯхта мешавад. Инчунин дар ин рӯз гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ, тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, пешниҳод мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст. Сокинони пойтахт имкон доранд, ки аз ин ҷашнгоҳ гулу бутта ва ниҳолҳои гуногунро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, зеро он таърихи аз 3000 то 5000-соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, оташро ифода менамояд.

Страницы