Ахбор

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. 50 вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ба шабакаи мазкур пайваст гардиданд

Дар айни замон  50 вазорату  идораҳои давлатӣ ба шабакаи ҳукумати электронӣ пайваст гардида, барқарорсозии шабакаи мазкур дар байни дигар сохторҳои давлатӣ  идома дорад. Барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ чораҳои дахлдор андешида мешавад. Дар ин хусус дирўз, 30 январ зимни нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки  30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» қабул гашт, ки таҳияи барномаҳои электронӣ вобаста ба рушди ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки ташкил кардани ҳукумати электронӣ вазифаҳоро барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобила дар дохили вазорату идораҳо  ва берун аз он  дар асоси ҳуҷҷатгузории бе коғаз, инчунин таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ осон мегардонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Пешовар боиси андӯҳи беандозаи мо гардид.

Мо ин амали террористии золимонаро қотеона маҳкум карда, ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми бародари Покистон ҳамдардиву таслияти амиқи ин ҷонибро изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем».

Номинаи муштараки «Санъати зарҳалкорӣ» барои қабул ба рӯйхати Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд

Соли 2022 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинатсионии муштараки Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа  «Санъати зарҳалкорӣ» ҷиҳати ворид шудан ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддӣ гирдоварӣ, таҳия ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Давлатзода ба хабарнигорон мужда дод.

«Барои корбарӣ дар номинаи  «Санъати зарҳалкорӣ» олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҷалб гардиданд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО,  аз ҷумла, дар самти долонҳои Зарафшон-Қароқум ва  Фарғона-Сирдарё ҷоннок карда шуданд», — афзуд вазир.

Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид

Аз 23 то 30 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин раванди технологии омода намудани харитаҳои демаркатсионӣ муҳокима гардид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон барпо мегардад.

Страницы