Ахбор

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Тоҷикистон Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт ба фаъолият оғоз мекунад

Дар Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» ба фаъолият оғоз менамояд, ки дар асоси ҳуҷҷатгузории электронӣ амал мекунад ва дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ кор дар соҳаи нақлиёт осон мегардад. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба хабарнигорон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» 30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, асосан  таҳияи барномаҳои электронии   рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакатро   фаро  мегирад.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, дар асоси ин қарор ва дар доираи барномаҳои дахлдор соҳаи нақлиёти мамлакат марҳила ба марҳила ба низоми рақамикунонӣ пурра фаро гирифта мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки дар вазорат раванди рақамикунонии самтҳои фаъолияти соҳа идома дошта, аз 26 модул дар 4 модул корҳои барномарезии аввал ба итмом расида, марҳилаи дуюм оғоз гардидааст. Дар марҳилаи якум дар модули Рухсатномаҳо корҳо оғоз гардида, дар марҳилаи анҷом қарор дорад.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИҚДОМОТИ САТҲИ ҶАҲОНӢ. Эътибори байналмилалии Тоҷикистон қавитар мегардад

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф  гардидааст. Чунин ибрози андеша намудааст Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин МУҲРИДДИН дар мақолаи худ бахшида ба иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.    

Дар зер матни пурраи он пешниҳоди хонандагон мегардад.

— Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон, қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд.

Рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд

31 январ баъд аз нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар он беш аз 30 нафар хабарнигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок доштанд, рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар донишгоҳи мазкур боздид намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳайати рӯзноманигоронро намояндагони раёсати донишгоҳ ва зумрае аз устодони факултети журналистика роҳнамоӣ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки мақсад аз ташкили боздиди рӯзноманигорон аз Осорхонаи Пешвои миллат — ин тарбияи насли имрӯза дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва шиносоӣ бо хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Сарвари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии мамлакат – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

МУРОҶИАТНОМАИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

Ба АМИТ «Ховар» Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон расид, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

Ҳамватанони азиз!

Дар мамлакати мо ҳаҷми асосии неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад. Дар навбати худ, резиши оби дарёҳо ва вобаста ба ҳамин пур шудани обанборҳо ба тағйирёбии иқлим, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигари табиӣ алоқамандӣ дошта, имконияти амалии пешгӯӣ кардани реҷаи оби дарёҳо хеле душвор мебошад.

Ҳамагон шоҳид будед, ки дар моҳи январи соли равон ҳарорати ҳаво нисбат ба меъёр хеле сард шуда, дар натиҷа афзоиши талаботи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат ба неруи барқ дар реҷаи кори низоми энергетикӣ якчанд мушкилиҳо пеш овард.

Аз рӯйи мушоҳидаҳо, бо назардошти тадриҷан афзоиш ёфтани талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт* соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад.

Страницы