Ахбор

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба баргузор намудани чор озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамоиш доир карда шуд

3 феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии олимон, устодон ва донишҷӯён таҳти унвони «Амрҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар партави омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад, инчунин амрҳои Сарвари давлатро бобати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 барои аҳли илму маориф, омӯзгорону муҳаққиқон, масъулину муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла коллективи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастури раҳнамо арзёбӣ намуд.

Дар Душанбе дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд

3 феврал дар Душанбе Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия Максим Решетников густариши ҳамкории иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ карданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Таъкид карда шуд, ки Русия калонтарин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тайи даҳ соли охир дар сохтори гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дар натиҷа дар соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни давлатҳо зиёда аз 1,6 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021  321 миллион доллар ё 23,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳаматарафа ба сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ва Форуми сармоягузории сатҳи баланди Тоҷикистон ва Русия, таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла баргузории Конфронси 9-ум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имсол дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд

Бори аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд. Ин тағйирот имсол ба Низомномаи озмун ворид гардидааст. Дар ин ду номина низ мисли дигар номинаҳои озмун иштирокчиён аз рӯи синну сол, яъне аз аз 12 то 17-сола ва  аз 18 то 40-сола иштирок карда метавонанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.

Ба гуфти мавсуф, бо пешниҳоди устоди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони мамлакат ин ду номина ба озмун ворид карда шуданд. Ҳадаф аз пешниҳод гардидани ин номинаҳо- дарёфти беҳтарин рассомон ва дизайнерон, тарғиби ин навъи санъат байни қишрҳои ҷомеа мебошад.

«Тӯли чор сол озмуни мазкур дар ҷумҳурӣ аз рӯи се номина- композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ доир мегардид. Имсол  озмун аз рӯйи 5 номина — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

ФАВРӢ! Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд

Субҳи имрӯз пас аз бартараф кардани пайомадҳои тарма роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барои нақлиёти сабукрав кушода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Ҳаракати нақлиёти сабукрав аз Душанбе ба самти Хуҷанд оғоз гардида, минбаъд гузариши нақлиёт аз ду ҷониб иҷозат дода мешавад», — тазаккур доданд дар филиали ширкат.

Ҳамчунин филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки зимни сафар тавассути роҳи мазкур эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

Бино ба пешгӯии Агенти обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар баъзе минтақаҳои мамлакат то 4 феврал ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Ёдовар мешавем, ки шоми 1 феврал дар километрҳои аз 52 то 73-юми роҳи Душанбе — Чаноқ 45 тармаи хурду бузург фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати тамоми намуди нақлиёт қатъиян манъ карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Страницы