Ахбор

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар давоми 3 сол 8 858 нафар иштирок намудааст

Аз давраи оғози Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», яъне аз соли 2020 то 2022 дар он 8 858 нафар иштирок намуда, маҳорат санҷиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2023 ба тасвиб расид. Маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 миллиону 750 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 210 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бори нахуст бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 баргузор гардида буд. Имсол маротибаи чорум аст, ки ин озмун бо назардошти тағйирот ба низомномаи он баргузор карда мешавад.

ТАВАҶҶУҲ! Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд то 15 феврал симкортҳои худро тибқи шиносномаи намунаи соли 2014 дубора ба қайд гиранд

Дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 фурӯш ва азнавбақайдгирии симкортҳо дар асоси шиносномаи намунаи соли 2014 анҷом меёбад. Яъне шаҳрвандоне, ки шиносномаи намунаи соли 1996 доранд, уҳдадор шудаанд, ки чунин намуди шиносномаро то 15 феврали соли 2023 ба шиносномаи намунаи соли 2014 иваз намуда, бо он симкортҳои худро дар ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гиранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки 15 феврал эътибор пайдо кард, ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро бо шиносномаҳои ID — намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд.

Дар минтақаи Суғд 95% аҳолӣ бо шиносномаи ID, намунаи соли 2014 таъмин гардидааст.

Дар айни замон дар Тоҷикистон бо шиносномаи намунаи соли 1996 882 ҳазору 774 рақам фаъол буда, то ҳол бо намунаи соли 2014 (ID корт) ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар сардхонаҳои Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» захираи 1750 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имкон дорад

Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат», ки яке аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, дорои ду сардхонаи замонавӣ буда, бо мақсади таъмини бозори дохилӣ дар фаслҳои зимистону баҳор бо маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо асосан давоми сол сабзӣ, картошка, лаблабу, ангур, анор, олу, хурмо, биҳӣ, ангур ва себ захира карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳоло дар сардхонаи 2-и ин муассисаи кишоварзӣ 200 тонна сабзӣ нигоҳ дошта мешавад.

Сардхонаи 1-ум моҳи июни соли 2018 ва сардхонаи 2-юми «Боғи миллии Ваҳдат» моҳи ноябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маҷмӯъ дар ин ду сардхонаи замонавӣ захира намудани 1750 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имкон дорад.

Дар сардхонаҳо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, васлу насб карда шудаанд.

Таҳсил дар хориҷ: имконияти мусоид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия, Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Беларус дар соли таҳсили 2023-2024 барои зинаи бакалавр ва магистратура бурсияҳои таҳсил ҷудо намудаанд. Дар ин хусус Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Аз ҷумла, барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои магистратураи донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия аз рӯйи 16 ихтисос, аз ҷумла, сохтмону шаҳрсозӣ, нанотехнология, кишоварзӣ, биоинформатикаю биотехнология ва ғайра бурсияҳо пешбинӣ шудаанд.

Ҳамзамон Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз рӯйи зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул менамояд.

Барои довталабони зинаи бакалавр квотаҳо аз рӯйи 52 ихтисос дар зиёда аз 30 кишвари пешрафтаи ҷаҳон пешниҳод шудаанд.

Инчунин нафароне, ки дар зинаи мутахассис таҳсил кардан мехоҳанд, метавонанд 4 ихтисосро аз муассисаҳои олии Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Беларус интихоб намоянд.

Дар зинаҳои аспирантураву докторантура ва ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ квотаҳо пешниҳод шудаанд.

Страницы