Шоми дирӯз дар меҳмонхонаи «Hayate Ragency»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони муваффақати соҳаҳои гунонгун кишвар, баргузор гардид.
Нишасти мабуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Чор, 08/02/2023 - 14:38
08.02.2023. Имрӯз дар бинои Кумитаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеъи он дар соли 2022 баргузор гардид.
Баъд аз сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид маърӯза дар бораи натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои кумита дар соли гузашта қироат карда шуд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Шурои бадеии Кумита беш аз 160 барномаи калонҳаҷми телевизиониву радиоӣ, филмҳои мустанад, инчунин, 170 ролику лавҳа ва зиёда аз 60 оҳангу суруди навро, ки аз ҷониби ҳайатҳои эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва дастаҳои ҳунарии Кумита бахшида ба ҷашҳои милливу давлатӣ пешниҳод гардида буд, баррасӣ намуда, такмил дод. Ҳамчунин шурои таҳририяи Кумита дар соли 2022 матни 80 барномаи калонҳаҷми ҷашнӣ, филмҳои мустанад ва намоишҳоро таҳрир, такмил ва баррасӣ намуд.







