Ҳамдардии Пешвои миллат ва таъсиси Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Нашр шуд. Чор, 15/02/2023 - 19:03
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Презид
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Презид
Муҳлати бақайдгирии симкортҳо як соли дигар тамдид карда мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки муҳлати азнавбақйдгирии симкортҳо, ки як сол пеш то 15 феврали соли 2023 дароз гардида буд, имрӯз ба охир расид.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки 15 феврал эътибор пайдо кард, ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро бо шиносномаҳои ID — намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд.
Дар айни замон дар Тоҷикистон бо шиносномаи намунаи соли 1996 882 ҳазору 774 рақам фаъол буда, то ҳол бо намунаи соли 2014 (ID корт) ба қайд гирифта нашудаанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
Шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО пешниҳод гардидааст. Ин матлаб 14 феврал зимни мулоқоти намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг дар шаҳри Душанбе баён карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
Ба иттилои намояндаи ин созмон, пешниҳоди мазкур моҳи май-июни соли равон дар ҷаласаи навбатии ИСЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, санъат, осорхона, китобхона, табъу нашр ва дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иброз гардид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони ИСЕСКО соли 2022 якчанд ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳони ислом шомил карда шуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаро ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таҷрибавии кормандони соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, омода кардани парвандаҳои номинатсияи ёдгориҳои таърихии тоҷик ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил қарор доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба боришоти барфи шадиду фаромадани тарма, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ шудааст ва оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти барфи зиёд дар се шабонарӯзи охир баландии барф бештар аз як метрро ташкил дода, дар шаҳри Хоруғ тарма фаромад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кумаки моддӣ ба оилаҳои зарардидагон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АМИТ «Ховар»
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
