Ахбор

Соли гузашта Тоҷикистон бо 52 давлати хориҷӣ низоми бе раводиди яктарафа ҷорӣ намуд

1 январи соли 2022 мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бо 52 давлати хориҷӣ низоми бе раводиди яктарафа ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода шуд.

Тибқи «Қоидаҳои барасмиятдарорӣ дар бораи додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд», номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 25 январи соли 2017 тасдиқ шудааст.

«Бояд иброз намуд, ки номгӯи мазкур аз соли 2009 инҷониб аз 68 кишвар то ба 126 давлат расонида шуд. Дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз соли 2016 таҳияи раводиди электронии Тоҷикистон ба шаҳрвандони давлатҳои дар номгӯй гуфташуда роҳандозӣ карда шуд. Таҳия ва пешниҳоди дигар ташаббусҳо барои боз ҳам ҷолибтар кардани ин низоми фаъолият минбаъд низ матраҳ хоҳад шуд»,-гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ.

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Салом алайкум

Хабари кушта ва маҷрӯҳ шудани теъдоде аз мардуми азизи Тоҷикистон бар асари фуромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моро сахт андӯҳгин кард.

Зимни ибрози таслияти ин воқеаи ҷонсӯз ба Ҷаноби Олӣ, мардуми кишвари бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Худованди мутаол барои даргузаштагон раҳмати фаровон ва барои бастагон сабру шакибоӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил ва комил орзу менамоям»

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари тармафароӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси андӯҳи зиёди мо гардид.

Дар робита ба ин талафоти ҷуброннопазир зимни изҳори ғамшарикӣ хоҳишмандам аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи ман ҳамдардии амиқ ва суханони тасаллиомези моро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтанро ба зарардидагон расонед».

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Таслияти амиқи маро дар робита ба талафоту ҷароҳат бардоштани одамон ва хисороти зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Дар ин лаҳзаҳои мушкил хоҳишмандам аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба тамоми пайвандону наздикони ҷонбохтагон суханони ҳамдардиву ҳамбастагӣ ва таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».

Страницы