Ахбор

«ТОҶИКИСТОН — САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон гӯшаи сайёҳии мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2023» ташкил карда шуд

7-9 марти соли 2023 дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2023» баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамкории муштараки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва муҷтамеи намоишгоҳи «Messe Berlin» гӯшаи сайёҳии мамлакат зери унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» ташкил карда шуд.

Дар гӯшаи Тоҷикистон маводи таблиғотӣ оид имконияти сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаши тамошобинону дӯстдорони сайру саёҳат гардид.

Ҳамчунин дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои олмонӣ ва ширкатҳои гуногуни ҷаҳон  бо мақсади ташкил  ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ  ва омодасозии мутахассисон дар ин самт доир шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд

9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории давлатҳо, ки бемайлон тавсеа ёфта, соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифтааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамёрӣ пешниҳод гардид, ки кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ ҷоннок карда шавад.

Рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту боркашонӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи долонҳои нақлиётии Туркманистон аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду давлат арзёбӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Америка, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав эътимоднома қабул намуданд

9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка Мануел Микаллер, Туркия Умут Аҷар, Давлати Қатар Муборак Абдураҳмон Муборак ал-Наср, Ҷумҳурии Молдова Лилиан Дарий, Ҷумҳурии Ирландия Брайан Макэлдафф, Португалия хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер, Ҷумҳурии Кипр Кипрос Йоргалис, Ҷумҳурии Чилӣ Эдуардо Эскобар, Ҷумҳурии Уганда Муҳаммад Тезикуба Кисамбира ва Зеландияи Нав хонум Сари Мэри Уолш эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin 2023 муаррифӣ гардид

7  март дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии ITB Berlin 2023 ифтитоҳ гардид, ки то 9 март идома меёбад. Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» дар масоҳати 20 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки имсол дар намоишгоҳи ITB Berlin беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ  бартарияти рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷик ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ доранд. Дар баробари ин Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Точикистон дастовардҳои донишгоҳро дар риштаи сайёҳӣ тарғиб намуда истодааст.

Страницы