Ахбор

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Таҳти чунин унвон дар саросари Тоҷикистон фарҳанги либоспӯшӣ муаррифӣ мегардад

Аз 1 март то 30 май иқдоми «Тоҷикона  мепӯшем» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва  вазорату идораҳо   ба роҳ монда мешавад, ки  ин нишона  аз тамаддунофариву фарҳанги  бой доштани миллати тоҷик мебошад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллӣ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарасти мардуми покнажоди тоҷик аст. Доир ба ин ва бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод карда шудааст. Дастурамали мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ роҳандозӣ гардидааст.

Ба бар намудани либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият аст. Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакати мо паст мекунад. Волидайн ва тамоми ниҳодҳое, ки ба масъалаи мазкур вобастаанд, дар ҳамбастагӣ амал намуда, метавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистони азизро ҳифз намоянд.

Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик пуршукуҳ таҷлил гардид

Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма инъикосгари таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ буда, барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Зеро инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад. Чунин иброз гардид имрӯз зимни ифтитоҳи ҳамоиши тантанавӣ дар Китобхонаи  миллии Тоҷикистон бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Пеш аз оғози ҳамоиш намоиши китоб доир гардид, ки иштирокдорони он аз китобҳои тозанашри нависандагону шоирони тоҷик дидан намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик намоям.

Интихоб гардидани Шумо ба ин маснади олии давлатӣ боз як нишонаи эътирофи обрӯву эҳтироми баланди Шумо дар ҷомеаи Чин, ҳамчунин дастгирии якдилонаи роҳи сиёсии Шумо дар кишвар мебошад.

Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин — ҳамсояи наздик ва шарики боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ – таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар шоҳроҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворона пеш рафта, нуфузу мавқеи байналмилалии худро бомаром таҳким мебахшад.

Мо аз ҷараёни густаришу тавсеаи бемайлони шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин, ки бар анъанаҳои қавии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоду эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созандаи барои ҷонибҳо судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» оғоз ёфт

Имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» оғоз ёфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ.

Дар кори конфронс роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд.

Дар конфронс нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур таҳлил ва баррасӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор карда мешавад.

Страницы