Ахбор

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд...

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмун ҷамъбаст карда шуд

Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода иброз дошт, ки «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2023 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи панҷ номинатсия 112 550 сомонӣ ҷудо намудааст.

Дар озмун роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмун мукофотҳоро супорид.

Ба сокинони аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумакҳо расиданд

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба сокинони аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  кумак расонид. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти мазкур хабар медиҳад.

Кумаки ба зарардидагони заминларза расида аз 100 тонна семент ва 5 тонна маводи хӯрокворӣ иборат буд.

ОБ-ОМИЛИ ПАЙВАНДГАР. Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим ба ҷаҳониён собит намуд, ки об дар муносибати байни давлатҳо нақши муассир мебозад

22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Америка Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид.

Тавре сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар ин маврид иброз доштааст, «сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар сафарҳояшон ба қароргоҳи бонуфузтарин созмони дунё- СММ бо он тафовут дошт, ки ба ду санаи муҳими башарӣ- Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. Ин ду падида, ки сарчашмаи ҳаёти башар номиданашон бамаврид аст, ба ҳам робита ва пайванди ногусастанӣ доранд. Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал, муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи Замин буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз мавҷудияти он вобастагӣ дорад».

Дар зимн матни пурраи андешаҳои муаллиф пешкаши хонандагон мегардад.

Страницы