Ахбор

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Дастгоҳи марказӣ:

  1. Муовини сардори раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2585,15 сомонӣ;
  2. Сармутахассиси  раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ –1577,00 сомонӣ;
  3. Сармутахассиси бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1577,00
  4. Сармутахассиси бахши муносибатҳои байналмиллалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1577,00
  5. Сармутахассиси раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577,00

Дар Берлин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ шуд

28-29 март бо ибтикори муштараки Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ ва Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон конфронси байналмилалии сатҳи баланди «9-умин муколамаи Берлин-2023 оид ба гузариши энергетикӣ» баргузор гардид, ки дар он ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш вазирон, ҳайатҳои сатҳи баланди беш аз 90 кишвари ҷаҳон, намояндагони бахши соҳибкорӣ, ширкатҳои бонуфузи истеҳсолкунандаи неруи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва неруи таҷдидпазир, ҳамчунин муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳудуди 2000 иштироккунанда таҳти шиори “Гузариши энергетикӣ — таъмини ояндаи сабз” дар шаҳри Берлин ба ҳам ҷамъ омаданд.

Давоми ду рӯз ҳайатҳо дар атрофи стратегияҳои табдили оқилонаи системаҳои энергетикии ҷаҳонӣ ба бетарафии иқлим, гузариш ба неруи «сабз» ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим мулоқот ва табодули андеша намуданд.

Дар доираи Муколамаи Берлин вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мухталиф ва оҷонсиву ширкатҳои фаъолияташон ба самти неруи таҷдидпазир равонагардида доир шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Зимни машварат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат андешаронӣ карда, вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва дигаргуниву таҳаввулоти сайёра ба хотири пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди мамлакат, дар назди аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар ҶДММ «Кони ганҷ» ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кони ганҷ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар деҳоти Ҷомии ноҳия ҷойгир буда, дар масоҳати 2,9 га сохта шудааст. Ин коргоҳ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамат Норматов бо ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсису бунёд ёфтааст.

Корхонаи истеҳсолӣ дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат баҳри саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сохта шуда, шаҳодати татбиқи амалии рушди саноати ҷумҳурӣ дар ҳар шаҳру деҳоти мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ маҳсуб мешавад.

Страницы