Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон
Нашр шуд. Чор, 05/04/2023 - 23:49
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;
— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон;
— Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ташкили табодули пешакии иттилоъ доир ба молҳо ва воситаҳои нақлиёт, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳуриии Озарбойҷон интиқол меёбанд;
— Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти мониторинги молиявии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба хамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм;

5 апрел дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин дуюмин сафари сатҳи баланди роҳбарияти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бори нахуст Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 сафари расмӣ анҷом додаанд.



