Ахбор

Дар ИДМ ташкилоти заминавӣ оид ба тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисони рӯзноманигор пайдо мешавад

Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳод оид ба тайерӣ ва бознигарии кадрҳои журналистӣ хоҳад буд. Чунин қарор дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 14 апрели соли 2023 дар Самарқанд баргузор гардид, қабул карда шуд. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Бо ташаббуси таъсиси ташкилоти асосӣ дар Иттиҳод оид ба тайёрӣ ва бознигарии кадрҳои баландихтисоси журналистӣ Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баромад кард. Ба ақидаи иштирокчиёни Шӯро, таъсиси чунин ташкилоти заминавӣ имкон медиҳад, ки сатҳи касбии кадрҳои журналистӣ дар Иттиҳод, ки дар ҳамкории ҳамгироӣ ва иттилоотии давлатҳои ИДМ иштирок мекунад, баланд бардошта шавад.

Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

Роҳбарияти Кумита маълумот дод, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятро дар самти рушди сайёҳӣ бо фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ, содагардонии дастрасии раводид, роҳандозии низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта, тавсеаи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ дорад, то дилхоҳ меҳмону сайёҳи ба диёрамон омада бо таассуроти хотирмон саёҳат намояд.

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ- МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Сайёҳон бештар ба тамошои он мароқ зоҳир менамоянд

Ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, ки барои солҳои гуногун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати фарҳанги вилоят ва дигар муассисаву идораҳои дахлдор барномаҳои махсуси корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар хусуси «Омӯзиш, тарғибу ташвиқ, ҳифз ва эҳёи фарҳанги моддию маънавӣ давоми солҳои 2012-2020» таҳия намудаанд.  Дар натиҷа корҳои зиёд дар ин самт анҷом дода шуд. Якчанд ёдгории муҳими таърихӣ таъмиру тармим гардид. Айни ҳол  10 ёдгории дигар дар ҳолати барқароркунӣ ва тармим қарор дорад. Чунин иброз дошт мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии  ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоинбеков дар арафаи  Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ (18 апрел) ба АМИТ «Ховар».

ҲУШДОРИ КОРШИНОС: Паҳн кардани андешаҳои экстремистӣ-террористӣ ҷиноят аст!

Таҷриба нишон медиҳад, ки дастовардҳои илму техника боиси пешрафти ҷомеаҳо, боло рафтани сатҳи некуаҳволии одамон ва зисти онҳо гашта, сабаби аз байн бурдани фаҳмишҳои беасос ва асримиёнагии динӣ-ифротӣ мегарданд. Мутаассифона, бо вуҷуди амалӣ гардидани чорабиниҳои васеи фаҳмондадиҳӣ, бардоштҳои ифротӣ дар қиёс бо фаҳмишҳои илмӣ   дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳамоно ҷойгоҳи хос дорад,

Страницы