Ахбор

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шудааст

Имрӯз, 26 апрел- Рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1970 Конвенсияи таъсиси Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (World Intellectual Property Organization, WIPO) эътибор пайдо кард. Ин муассисаи махсуси СММ мебошад, ки фаъолияташ ба рушд ва дастрасӣ  ба низоми байналмилалии моликияти зеҳнӣ равона карда шудааст. Дар баробари ин ихтироъкорони тоҷик низ ин санаро бо дастоварду пешравиҳои чашмрас пешвоз мегиранд...

Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ғайриқонунӣ убур намуд...

ХИЗМАТ БА ВАТАН — РИСОЛАТИ ФАРЗАНДӢ. Ҷавонони Тоҷикистон ҳомии Ватан ҳастанд ва ояндаи давлату миллат ба далериву шуҷоати онҳо вобаста аст

Мафҳуми Ватану ватандӯстиро ҳамагон хуб дарк мекунанд. Садоқату муҳаббат ба Ватан маҳз дар ҳолатҳои нозуку ҳассос, афтидану хестанҳо, сахтиву душвориҳо, талошу набардҳо озмуда ва ҳосил мегардад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал то инҷониб  фарзандони зиёде ба воя расонидааст, ки барои Ватан корҳои бузург анҷом додаанд ва он имрӯз барои мо дарси ибрат мебошад. Дар робита ба ин мавзуъ  хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода  бо сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии мамлакат Зуҳуриддин Асрорзода суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Зуҳуриддин Асрорзода, ба андешаи Шумо имрӯз чӣ гуна метавон номуси миллӣ ва ифтихори соҳибватаниро дар қалби  ҷавонону наврасон ҷой кард?

Зуҳуриддин Асрорзода: Мафҳуми номуси миллӣ ва ифтихори соҳибватанӣ аз ҷумлаи рисолатҳои муқаддас ва пуршараф барои ҳар нафари ватандӯст ба шумор меравад. Бешак, мафҳуми ватану ватандӯстӣ барои ҳама фаҳмост. Чунки дар ашъори шоирони гузаштаву имрӯза ин мавзуъ дар ҷои аввал меистад. Агар ба таърих назар афканем, бисёр ҷавонмардонеро мебинем, ки барои ватани худ корҳои бузурге анҷом додаанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёду навсозии роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант – Лолазор санги асос гузоштанд

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии «Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор» оғоз бахшиданд.

Бунёду навсозии қитъаи мазкур аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант” мебошад, ки дарозии он 9,72 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 22,81 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Баъд аз таҷдиду навсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 1-Б техникӣ баробар мешавад.

Бунёду навсозии марҳилаи дуюми қитъа- қитъаи роҳи мошингарди Левакант — Лолазор аст, ки бо дарозии 30,28 километр ва бо харҷи зиёда аз 19,62 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Пас аз таҷдиду навсозӣ ин роҳ ба категорияи 3 техникӣ мутобиқ карда мешавад.

Бунёду навсозии 3 қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор бо маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд бунёд шуда, 2 қитъаи он аз тарафи ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.

Страницы