Ахбор

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 13 санади нав имзо шуд:

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ;

— Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба қабули таҷҳизоти экспертизаи судию тиббии муайян намудани ДНК;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иттилоотии Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Созишнома дар бораи расонидани кумаки бебозгашт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба тавсеаи амиқи иқтисодию тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати ҳафтодсолагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ тансиҳатӣ, саодат ва дар татбиқи нақшаҳои дарпешистода муваффақиятҳои минбаъда таманно намуданд.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро орзу намуданд.

Дар рафти суҳбат Президентҳо масъалаҳои муҳими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистонро бо ишора ба муҳимияти татбиқи фаъолонаи тавофуқоти ҷонибҳо, ки зимни сафари бобарори давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аввали моҳи майи соли равон ба даст омада буданд, баррасӣ намуданд. Аҳамияти қабули эъломия дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар қолаби муносибатҳои ҳампаймонӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла нахустин саммити дарпешистода дар сиғаи «Осиёи Марказӣ-Чин»-ро, ки пагоҳ дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Сиан ташриф оварданд

Нимаи дуюми рӯзи 17 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар ҳамоиши якуми Саммити «Осиёи Марказӣ-Чин» ба шаҳри Сиан ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Сиан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ду канори роҳрави қолинии сурх қаровули фахрӣ саф ороста, барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун мулоқот намуданд

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун мулоқот намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба раванди густариш ва тавсеаи ҳамкории мо такони нав хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба таҳқими ҳамкорӣ дар самти маблағгузории минбаъдаи рушди “инфрасохтори сабз” дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрдорӣ табодули андеша намуданд.

Таҳкими робитаҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди соҳаҳои инфрасохтор, саноат, бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Страницы