Андешаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Нашр шуд. Шан, 20/05/2023 - 15:25
18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони беш аз 40 ширкати бонуфузи сармоягузорӣ ва тиҷоратии Чин иштирок намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумонамон такони ҷиддӣ мебахшад.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳамкориву шарикӣ дар самти пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ тавассути муҳайё намудани шароити мусоид манфиатдор мебошад.
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалиятнок, бахусус, энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки имрӯз дар мамлакат зиёда аз 170 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.
18 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гарму самимӣ истиқбол
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
