Ахбор

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 104 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд

Бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошад, тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  нафарони ба Ватан баргардонидаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахон Ҳаётзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода,  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозод ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Бо дархости ҷониби Қазоқистон ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити якуми сарони давлатҳои «Чин-Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд

19 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори Саммити якуми сарони давлатҳои «Чин-Осиёи Марказӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Саммит бо истиқболи самимии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.

Кори Саммити якуми «Чин-Осиёи Марказӣ»-ро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ифтитоҳ намуданд.

Зимни суханронӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳамаи масъалаҳои рушди давлатҳо пешниҳод намуданд, ки Чин барои пурзӯр намудани институтикунониии минбаъдаи ин сиғаи ҳамкорӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба ин мақсад, ӯ изҳор намуд, ки ҷониби Чин барои татбиқи минбаъдаи барномаю лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард юан ҷудо хоҳад намуд.

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан Раиси Шӯрои Директорони Ширкати маъдани «Чжитсун Литий» Нан Ҷинсиро ба ҳузур пазируфтанд

18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Директорони Ширкати маъдани «Чжитсун Литий» Нан Ҷинсиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати маъдани литийи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои рушди ҳамкории пурсамар, аз қабили бунёди корхонаҳои муштарак, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди изофашуда ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва содироти он захираву имконоти васеъ мавҷуд аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ба доираҳои соҳибкорон имтиёзҳои гуногунро пешкаш мегардонад.

Дар рафти мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Ширкати маъдани «Чжитсунг Литий» ( Zhicun Lithium Co.Ltd) дорои пойгоҳҳои бисёри коркарди маъдан ва истеҳсоли намаки литий мебошад. Ширкат барои мусоидат ба ноил шудан ба хадафи пешрафт ва васеь кардани самти фаьолияташ дар як қатор кишварҳои олам марказҳои истеҳсолӣ дорад.

Страницы