«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
Нашр шуд. Пан, 01/06/2023 - 11:34
Имрӯз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон «Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақими ҳавоӣ анҷом дода шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ҳавопаймои ширкати «Buta Airways» расо соати 10:00 ба вақти Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст анҷом дод.
Интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши шумораи мусофирон дар хатсайри мазкур дар оянда парвозҳо дар ин масир рӯзҳои душанбе, сешанбе ва панҷшанбе ташкил карда мешавад.
Ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим дар масири Боку-Душанбе-Боку рӯйдоди муҳим дар тақвияти равобити иқтисодию фарҳангӣ ва гуманитарию сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ гардида, таъкид карда шуд, ки ташкили парвозҳои мустақим дар масири Боку-Душанбе-Боку дар самти равобити иқтисодию иҷтимоии ду давлати дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Озарбойҷон, хусусан афзоиши мубодилаи мол, рафтуои шаҳрвандон, ҳамлу нақли транзитӣ ва аз ҳама асосӣ- рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, ба он такони ҷиддӣ мебахшад.
Бояд тазаккур дод, ки ширкати «Buta Airways» воҳиди сохтории Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ҳавоии Озарбойҷон -AZAL буда, моҳи сентябри соли 2017 ба фаъолият оғоз кардааст.


28 майи соли 2023 аз таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 29 сол пур шуд.
Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!



