Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визерро ба ҳузур пазируфтанд

1 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо алоқаманди ҳамкории самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо ҳастем. Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ идома ёфта, ҷудои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил хоҳад шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии Гран Прии Душанбе-2023, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.

Дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии Гран Прии Душанбе-2023, ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 давлати олам иштирок хоҳад намуд.

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

31 май дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба 4 лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Аъзои Ҳукумати мамлакат қарорҳо Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати содирот”-ро муҳокима намуданд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 31 майи соли 2023 №226
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳусейнзода М.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хусейнзода Музафар Маҳмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 31 майи соли 2023 №227
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шерализода Ш.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шерализода Шараф Аҳмадҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Беларус озод намудани Ҳақдод М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№570

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Страницы