Ахбор

Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Қатар

8 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба саволҳои хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Қатар ҷавоб доданд.

Хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Қатар аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суолҳо оид ба натиҷаҳои сафари давлатии Амири Давлати Қатар, рушди муносибатҳо байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкории дуҷониба, инчунин соҳаҳои калидии ҳамкорӣ, муроҷиат намуда

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр, Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ , инчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ намуданд.

Пас аз маросими расмии ифтитоҳи масҷид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои таҳияи масҷид ду ракаат намоз хонда, ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро гардида, таҷассумгари омезиши моҳиронаи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои динӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ карданд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 15 санади нав ба имзо расид:

— Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Давҳаи Давлати Қатар дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ;

— Ёддошти тафоҳум дар соҳаи савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар;

— Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти стандартизатсияи ва метрологияи Давлати Қатар;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти табиии он;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар;

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва ҳайати ҳамроҳашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Зимни мулоқоту музокирот, ки дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эътимод баргузор гардид, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушду тавсеаи онҳо, таҳкими бештари заминаи ҳуқуқӣ, робитаҳои ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башариро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни баррасии роҳҳои тақвияти минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсии байнидавлатӣ зарурати густариши ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун заминаи мусоид барои пешбурди ин раванд арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳу раванди муносибатҳои ду давлат ва аз ҷараёни рушди устувори онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатар ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон амри зарурӣ шумурда шуд.

Тоҷикистон, дар баробари таъйиди таҷрибаи неки муштарак, алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкорияш бо Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ иброз дошт.

Страницы