Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар — машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар — машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Семинар-машварати занбӯриасалпарварони мамлакат дар диёри зебоманзари Ховалинг дар мавсими ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши асал дидан намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши асал дидан намуданд.

Дар намоиши мазкур 28 гӯша таъсис дода шуда, занбӯрпарварони ҷумҳурӣ маҳсулоти асалӣ, аз ҷумла муми занбӯри асал, гарди гул, ширеши занбӯр, шири модарзанбӯр ва навъҳои зиёди асалро муаррифӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо занбӯрпарварон, олимону мутахассисони соҳа суҳбати самимӣ ороста, аз самараи меҳнат ва натиҷаи фаъолияти назарраси онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар намоиш зиёда аз 70 тонна асал, ки аз ҷониби занбӯрпарварони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаклу андозаҳои гуногун бастабандӣ гардидааст, пешниҳод карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим»-и ноҳияи Ховалинг бо нашъунамои картошка шинос шуданд

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои корами Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим”-и ноҳияи Ховалинг бо нашъунамои картошка шинос шуданд.

Масоҳати кишти картошка 3 гектарро ташкил медиҳад. Нашъунамои ниҳоли зироати навъи “Гала” ба иқлими минтақа мутобиқ ва хуб мебошад. Сабзиши хуби картошка аз меҳнати пайваста ва риоя гардидани талабот зимни кишту парвариш дарак медиҳад. Аз рӯйи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳа ҳосили интизорӣ аз майдони картошказор 400 — 450 сентнерро ташкил хоҳад дод.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бо лоиҳаи «Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим» шинос гардиданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи «Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим» шинос гардида, барои бунёди иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.

Зимни муаррифӣ иброз гардид, ки иншооти мазкур барои фароғату истироҳати мавсимии 200 кӯдаку навраси ятим пешбинӣ гардидааст.

Иншооти мазкур дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг бунёд ёфта, аз 3 ошёна иборат хоҳад буд, ки дар он 23 утоқ ҷой дода мешавад. Ҷойи хоби духтарон дар алоҳидагӣ ва аз писарон дар алоҳидагӣ бунёд хоҳад гашт.

Страницы