Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
Нашр шуд. Сеш, 04/07/2023 - 17:26
4 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуданд.
Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи...

Аз 1 июли соли равон маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), нафақаи заминавӣ ва нафақаҳои дигари амалкунанда ба андозаи 20 фоиз зиёд гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Баргузор намудани намоиши молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти ҳайати вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.



