Ахбор

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении ҶДММ “Мироб” дар шаҳри Бӯстон

6 июл дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мироб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ бо 15 ҷойи доимии корӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи “Солҳои рушди саноат” - 2022-2026 дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби оилаи Шарифовҳо бунёд гардидааст.

 Дар корхона истеҳсоли 16 намуд қубури полиэтилении қутрашон аз 15 то 315 миллиметра ба роҳ монда шудааст. Дарозии қубурҳо вобаста ба қутрашон аз 6 то 100 метр истеҳсол мегардад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 400 то 500 метр ва дар як сол аз 50 то 60 ҳазор метр қубурҳои полиэтилении босифат мебошад.

Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, таъсиси корхонаи саноатиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда намуна арзёбӣ карданд.

Ба корхона ду хати муосири технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, барои истеҳсоли қубурҳо дар як моҳ то 10 тонна ашёи хом - полиэтилени тамғаи ПЭ 100 то марҳилаи ниҳоӣ коркард карда мешавад. Ашёи хом асосан аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон ворид мегардад.

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз мегардад

Имрӯз, 6 июл Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад. Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 8 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консерти пианинанавози машҳур 7 июл, соати 19:00 ва барномаи консертии Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» 9 июл, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон 7 июл, соати 11:00 ифтитоҳи намоиши Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва соати 11:30 муколама байни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия доир карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ифтитоҳ намуданд

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ба истифода доданд.

Масоҳати умумии парваришгоҳ 200 гектар буда, ин мавзеи ноҳияи Шаҳристон барои парвариши ҳайвоноти нодир иқлими мусоид дорад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар парваришгоҳи навтаъсис асосан ду намуд ҳайвони нодир — оҳуи аврупоии лан ва гӯсфанди шохдори муфлонӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешавад. Парваришгоҳи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Газнафт” ташкил гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ҳайвоноти нодирро ба табиат сар доданд.

Парваришгоҳ дар мавзеи зебоманзар ва хушбоду ҳавои Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон ташкил гардида, дарахтони зиёд ва гулу гиёҳҳои ҳархелаи худрӯй дорад. Дар ин мавзеъ асосан арчаи зарафшонӣ хуб нашъунамо ёфта, муҳити атрофро сабзу хуррам нигоҳ медорад.

Дар парваришгоҳ барои нигоҳубин ва марҳила ба марҳила зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир шароит ва имконияти васеъ мавҷуд буда, дар ин самт зоти оҳуи аврупоӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон хати оби полезиро ба истифода доданд ва бо нашъунамои картошка шинос шуданд

5 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон иншооти нави обрасониро мавриди истифода қарор дода, аз нашъунамои картошка дар Хоҷагии деҳқонии “Нур” шинос шуданд.

Набудани оби полезӣ дар баъзе аз қисматҳои ин мавзеъ мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт ва бо ҳамин сабаб кишоварзон наметавонистанд ҳосили фаровон ба даст оваранд.

Дар доираи таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилӣ ба зудӣ роҳи ҳалли худро пайдо намуд ва тавассути бунёди иншооти нави обрасонӣ ва насби насосҳои махсуси обкашӣ 15 гектар замини корами мавзеи Хуррамдара обёрӣ шуд.

Оби полезӣ ба ин мавзеъ аз масофаи қариб як километр бо қубури қутраш 110 миллиметра оварда шуда, барои захира ва таъмини доимии он ҳавзи махсус бунёд шудааст.

Страницы