Ахбор

Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд

8 июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд.

Бояд гуфт, ки моҳичаҳо зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” мебошад, ки дар ҳавзҳои ҳоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариш карда шудааст. Тадбири мазкур бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади афзоиш додани саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардид.

Тавре масъулон иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Айнӣ ва дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Панҷакент фаъолият мекунанд, ки дар онҳо асосан, моҳии зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед”, “зағорамоҳӣ”, “гулмоҳӣ” “тосмоҳӣ” ва чанд намуди дигар парвариш карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии «Сино»-ро ифтитоҳ намуданд

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” оғоз бахшиданд.

Бинои Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар таҳхонаи он 2 толори муосири варзишии табобатӣ, бойгонӣ ва ҷойи нигоҳдории ашёи мулоим ташкил карда шудааст. Ошёнаи якуми бино дорои 2 ошхона барои то 150 нафар, бахши табиатшифоӣ, ҳуҷраи кормандони тиб барои муоина ва дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, истироҳатӣ ҷойгир карда шудаанд.

Сохтмони бинои нав моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, аз ҷониби бинокорони ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаворид” дар муддати 2 сол бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нав барои табобат ва истироҳати то 40 нафар дар як вақт шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Баҳри ташхиси дақиқ ва табобати саривақтии шаҳрвандон 5 намуди таҷҳизоти навӣ тиббӣ, амсоли рентгени рақамӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳи автоматии умумии ташхиси хун ва дигар таҷҳизоту воситаҳои муосири тиббӣ харидорӣ гардида, имконияти ташхисию табобатӣ ва истироҳат ба замони муосир мутобиқ карда шудааст.

Бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои иловагӣ 12 нафар мутахассиси соҳаи тиб, дар маҷмӯъ, беш аз 100 нафар, аз ҷумла хатмкунандагони коллеҷу Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо кор таъмин шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба фаъолияти коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминӣ оғоз бахшиданд

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминиро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нахустини коркарди ниҳоӣ ва банду басти чормағзи заминӣ бо саҳми муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷаъфар” таъсис дода шудааст. Дар корхона барои беш аз 25 сокини ноҳия ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Ба коргоҳ 6 таҷҳизоти коркарду банду басти чормағзи заминӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб шудааст. Тавассути ин хати технологӣ ҷараёни тозакунии мағзи чормағзи заминӣ, сараю ба хелҳо ҷудо кардани он ва якчанд навъу ғунҷоиши чормағзи заминӣ дар банду баст анҷом дода мешавад.

Иқтидори шабонарӯзии коркарди чормағзи заминӣ беш аз 40 тонна ва дар як сол зиёда аз 10 ҳазор тонна мебошад. Бо оғози фаъолияти корхонаи “Ҷаъфар” ҳаҷми зиёди коркарду истеҳсоли чормағзи заминӣ дар банду басти ҷолиб барои содирот ба роҳ монда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки чормағзи заминӣ дар шакли коркардшуда нисбат ба ашёи хом бо арзиши баланд ба фурӯш рафта, аз он манфиати зиёди иқтисодӣ гирифта шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбатҳои самимӣ бо соҳибкори ватанӣ ва масъулони соҳа аз иқдому таҷрибаи кишоварзони ноҳия дар кишту парвариши чормағзи заминӣ ва рӯёнидани ҳаҷми зиёди ин маҳсулоти содиротӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки таъсису ташкили корхонаи коркард дар ноҳияи боз як иқдоми шоиста баҳри муаррифии ин маҳсулоти кишоварзони тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ ва афзун намудани даромаднокии соҳа мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии «Ёсуман»-ро мавриди истифода қарор доданд

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии “Ёсуман”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Самти фаъолияти корхонаи дӯзандагии “Ёсуман” духти либоси миллӣ ва мактабӣ буда, аз ҷониби соҳибкори махаллӣ Фазлиддин Ҳасанов таъсис ёфтааст.

Дар ошёнаи якуми бино ду сехи дӯзандагӣ бо 15 ададӣ мошинҳои дарздӯзӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба истифода дода шуд. Дар оянда дар ошёнаи дуюм ду сехи дӯзандагии дигарро омода намуда, дар маҷмуъ дар коргоҳ беш аз 65 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамчунин, дар корхонаи навбунёд барои ҷалби духтарони деҳот ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию буррандагӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Маълумот дода шуд, ки ҳадафи бунёди коргоҳи дӯзандагӣ саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини занону бонувони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар деҳоти мамлакат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди саноат дар минтақа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардидаст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои арзанда дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки дар самти таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳоро тақвият бахшанд.

Страницы