Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ гардид
Нашр шуд. Ҷум, 21/07/2023 - 11:40
19 июл Вазири рушди иқтисод ва савдо Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзуи «Рушди сабз барои ояндаи дурахшони устувор ва фарогир» дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати номбурда.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2022 дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Аз рӯи баҳогузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 70 фоизи ҲРУ ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90 фоиз иҷро намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши минтақавӣ, ки дирӯз бо иштироки роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ баргузор гардид, изҳор намуданд, ки «Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зимнан, ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷро ба сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморем».
Бисмиллоҳи Раҳмони-р-Раҳим,



