Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд
Нашр шуд. Пан, 10/08/2023 - 09:36
9 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Войт Ҳайдро» оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар таъмини иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикӣ муҳокима гардид.

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ошхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж»-ро ба истифода супориданд.
Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.



