Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-ро ифтитоҳ намуданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ин ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, бинои нави маъмурӣ дар масоҳати 156 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва китобхона иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, бо маблағгузории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бунёд шудааст.

Дар Кумитаи идораи замини ноҳия ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъа 14 нафар фаъолият мекунанд. Кормандон аз беҳтар шудани шароити корӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Cуханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа

16.08.2023, ноҳияи Роштқалъа

Ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ омодагӣ дида истодаанд.

Хурду бузурги мардуми ватандӯсти ноҳияи Роштқалъа ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ин санаи сарнавиштсоз самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саодату хушбахтӣ ва дар ҷодаи амалисозии нияту нақшаҳои некатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Истиқлолу озодии давлатӣ барои ҳар яки мо неъмати бузургтарин, сарвати бебаҳотарин ва дастоварди азизтарини зиндагӣ мебошад.

Маҳз ба шарофати истиқлолу соҳибихтиёрӣ мо имконият пайдо кардем, ки захираҳои дарихтиёрдоштаамонро ба хотири ободу пешрафта гардонидани тамоми гӯшаву канори мамлакат то дурдастарин деҳоти он равона созем.

Мисоли равшан ва намунаи возеҳи ин гуфтаҳо ҳамин ноҳияи Роштқалъа аст, ки маҳз аз баракати истиқлол ба чунин ободиҳо ноил гардидааст.

Cуханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ

16.08.2023, ноҳияи Ванҷ

Ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Ванҷ дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 32-солагии истиқлоли давлатӣ қарор доранд.

Бо истифода аз фурсат, мардуми шарафманди ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ҷашни таърихиву тақдирсози халқи тоҷик самимона табрик мегӯям.

Чун анъана мо дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти навбунёди таъиноти иҷтимоиву иқтисодиро мавриди истифода қарор медиҳем, ки онҳо, бешубҳа, шароити зиндагии мардумро беҳтар ва симои шаҳру деҳоти кишвари азизамонро боз ҳам зеботар мегардонанд.

Имрӯз низ мо дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи маориф, боғчаи бачагона ва маркази эҷодии кӯдакону наврасонро ифтитоҳ намудем, ки идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи сокинони бонангу номуси ноҳияи Ванҷ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, ки барои ободии диёри худ ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳамдиёронашон саҳми арзанда гузошта истодаанд, арзи сипос менамоям.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия барои истиқболи арзандаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдиди 117 иншоот ба маблағи 191 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ин ҳисоб то имрӯз 41 иншоот ба истифода супорида шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷро мавриди истифода қарор доданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави шуъбаи маориф сеошёна буда, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардид.

Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайянгардида бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Зимни корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ 12 ҳуҷраи корӣ дошта, барои 40 нафар корманди соҳа пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино ҷойгир буда, бо мизу курсӣ ва компютер пурра таъмин гардидаанд.

Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 90 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла курсиҳои нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин ҷо гузаронида шаванд.

Страницы