Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи таълимӣ аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 4-ошёна иборат буда, мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масоҳати 0,76 гектар бунёд ёфтааст ва барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Мактаб аз 50 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаи компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса, равоншинос, нуқтаи тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Синфхонаҳои таълимгоҳ дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 — 2040 бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла тахтаҳои электронӣ, проектор ва аёнияти замонавии хониш таъмин буда, барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаи компютерии мактаб бо мақсади омӯзиши хуби таҷҳизоти мазкур қисмҳои иловагӣ ва тахтаҳои электронӣ васлу насб гардидаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии №40-ро ифтитоҳ намуданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро ифтитоҳ намуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40 шароиту имконияти муосири ба таълиму тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак мавҷуд аст.

Таълим дар 11 гурӯҳ дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Иншоот аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои маҳфили кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.

Ҳуҷраҳои алоҳидаи хобу истироҳати кӯдакон бо таҷҳизоти муосир, аз қабили рахти хоб ва дигар ашёи фароғатӣ таъмин аст.

Бинои нави муассисаи томактабӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии лоиҳа — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АБР-текстил” бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

Дар саҳни бинои муассиса айвончаҳо барои ба истироҳату фароғат ва дигар машғулият фаро гирифтани кӯдакон ва майдончаҳои бозии бо таҷҳизоти нави дилхушӣ муҷаҳҳаз ташкил шудаанд.

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 август дар бинои Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор намуд, ки Кумитаи тадорукот оид ба амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикороти панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани “Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар муҳлатҳои муқарраргардида тадбирҳои амалӣ андешад.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30.08.2023 13:00, шаҳри Душанбе

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар бунёд ва эъмори давлатдории миллии мо мебошад.

Таъкид гардид, ки соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки тайи зиёда аз се даҳсола барои таъмин намудани пешрафту ободӣ ва боз ҳам инкишофу тараққиёти кишвари маҳбубамон хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонем.

Страницы