Табрикоти роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Ҷум, 08/09/2023 - 15:10
Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Давлати Шумо дар роҳи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ муваффақона пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши созанда мебозад.
Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон бар пояи усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бунёд ёфтаанд. Ҳамкории босамари дуҷониба дар бахшҳои мухталиф густариш ёфта, ҳамоҳангии талошҳо дар чаҳорчӯби ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба самараи хуб медиҳад.
Итминон дорам, ки рушди минбаъдаи тамоми маҷмуи равобити Русия ва Тоҷикистон комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони дӯсти мо буда, ба таҳкими сулҳу амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Ҳамватанони азиз!
Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзише аст, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Дар робита ба он суханҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди Истиқлолият- ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамоем. 




