Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Шан, 09/09/2023 - 16:07
Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:
«Ҷаноби Олӣ
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолият ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии худро мерасонам.
Аз камбизоатӣ ва нобаробарӣ то муноқишаҳои хушунатомез ва тағйирёбии иқлим, мушкилоте, ки ҷаҳони мо рӯ ба рӯ мешавад, амалҳои дастҷамъонаро дар ҳамбастагӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ тақозо менамояд.
Ояндаи беҳтар аз ҳар як кишвар тақозо менамояд, ки берун аз марзҳои миллии худ нигоҳ намояд ва талошҳоро барои пешбурди сулҳ, ҳуқуқи инсон, шукуфоӣ ва рушди устувор барои ҳамаи одамон, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ доранд, дастгирӣ намояд.
Созмони Милали Муттаҳид бо тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили рӯзи махсуси шумо ҳамроҳ мешавад ва аз идомаи ҳамкории минбаъдаи худ барои таъмини ояндаи беҳтар, солимтар ва бехатари одамон ва сайёра умедвор аст.

9 сентябр дар мамлакат 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳим дар тамоми вазорату идораҳо, вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳо, кӯчаю маҳ
8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави истиқоматиро барои хизматчиёни ҳарбӣ мавриди истифода қарор доданд.
Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!



