Дар Душанбе «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав» бо шукуҳи хосса доир шуд
Нашр шуд. Пан, 14/09/2023 - 20:19
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палав» доир гардид, ки дар он намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, роҳбарон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, намояндагону кишоварзону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар»
Дар намоиш кишоварзони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, аз ҷумла намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили харбуза, тарбуз, каду, себ, ангур ва дигар меваву сабзавот, инчунин намудҳои гуногуни оши палов ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ифодагари ҷашн мебошанд, пешниҳоди меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуд.
Ҳамзамон дар ҷашнгоҳ манораҳои калонҳаҷм аз тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур, якчанд адад манораҳои хурд аз меваҳои гуногун, аз қабили нок, себ ва ангур, хаймаҳои таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда буданд, ки манзури тамошобинон гардиданд.

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар кори он беш аз 100 нафар волонтёрони фаъол, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.
14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.



