Ахбор

Дар Душанбе ғолибони даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» қадрдонӣ гардиданд

14 октябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии  ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»  ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунҳо, ҳайати ҳакамон, ғолибони даври шаҳрӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода тазаккур дод, ки ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат»  ва «Илм-фурӯғи маърифат» аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имконияти илм дар амал маҳсуб мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҷашни Меҳргон пуршукуҳ таҷлил шуд

14 октябр бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.

Таъкид гардид, ки ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кишоварзон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил менамуданд. Бинобар ин Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосил мебошад.

Гуфта шуд, ки кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо истифода аз имконияту шароити мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Дар доираи таҷлил аз ҷашни Меҳргон дар маркази ноҳия намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид ва сокинон тавонистанд бо нархҳои дастрас молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро харидорӣ намоянд.

«МЕҲРГОН ОМАД, АЗИЗОН, МЕҲРУБОНИҲО КУНЕД…». Имрӯз дар Душанбе ин ҷашни ниёгон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон- мероси пурарзиши аҷдодон ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии мо бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин ҷамъомади идона.

Дар ин рӯз ҳамчунин Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали...

Пешвои миллат: «Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад»

Дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад.

«Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашн ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд», — иброз доштанд Сарвари давлат. Дар идома тазаккур дода шуд, ки Меҳргон дар масири...

Страницы