Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳосила» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд
Нашр шуд. Пан, 26/10/2023 - 15:03
26 октябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳосила”-и деҳоти Чоргултеппа шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонӣ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амниятии озуқаворӣ таъсис дода шудааст.
Кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ду-се ҳосил ба даст оварда, дар баробари таъмини сокинони ноҳия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бозори истеъмолии пойтахтро низ таъмин менамоянд.
Хоҷагии деҳқонии «Ҳосила» 1 гектарро ташкил намуда, аллакай кишти тирамоҳии ғалла ва макка барои дон гузаронида шудааст. Инчунин меҳнаткашон ҳамасола аз замин намудҳои гуногуни сабзавотро истеҳсол ва ба бозор пешниҳод менамоянд.
Хоҷагӣ аз ҷониби сокини ноҳия Ҳосила Хоҷамқулова таъсис дода шуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани чанд ҳосил саҳмдорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ мондаанд.

25 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар панели сатҳи баланди ташаббуси «Дарвозаи ҷаҳонӣ»-и Иттиҳоди Аврупо зери унвони «Гузариши сабз ва тавлиди гидроген» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагии сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Саъдуллоев Шамсулло ва бародарон Саъдуллоевҳо шинос шуданд.



