Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис»-ро ифтитоҳ намуданд

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

Корхонаи нав, ки дар асоси технологияи замонавӣ бунёд гардидааст, ба истеҳсоли матои патдор ва маҳсулоти тайёри патдор, аз қабили намудҳои гуногуни сачоқ, халат барои тамоми синну сол ва дигар номгӯи маҳсулот машғул мебошад.

Корхонаи нассоҷии “Арвис” имкон дорад, ки дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагинро коркард намуда, аз он маҳсулоти патдор истеҳсол ва бо сифати баланд ва тарҳу шакли бозоргир пешниҳоди харидорон намояд.

Дар оянда содироти маҳсулоти тайёри ҷамъият низ марҳила ба марҳила дар назар дошта шудааст, зеро дастгоҳу таҷҳизоти корхона имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии он дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда шавад. Айни замон корхонаи нав 500 номгӯйи маҳсулоти нассоҷиро истеҳсол менамояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии ҶДММ «Қолинҳои Душанбе»-ро ба истифода доданд

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.

Марҳилаи дуюми ҶДММ  «Қолинҳои Душанбе» дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) ба истифода дода шуд.

Корхона дар доираи тадбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллозода бунёд шудааст.

Бо фаъол сохтани ду хати иловагии истеҳсолӣ дар корхонаи қолинбофӣ шумораи коргарон, ки аксаран занону духтарон  мебошанд, ба 600 нафар расонида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе”-ро баъд аз навсозӣ ифтитоҳ намуданд

Субҳи 31 октябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш...

Дар Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» доир гардид

29 октябр дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон ва меҳмонону иштирокчиён маросими ҷамъбасти Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Дар маросим директори Театри лӯхтак ва тамошобини ҷавони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон Самат Алтаев, директори Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон Юлдош Генҷаев ва ҳунарпешаи Театри лӯхтаки «Димак»-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Дориюш Муаддабиён аз раванди баргузории ҷашнвора, самимият ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори хурсандӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими муносибатҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва рушди робитаҳои дӯстонаи байни миллатҳо бо арзи эҳтиром миннатдорӣ  баён доштанд.

Страницы