Ахбор

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Шаҳри зебои мо»-ро ба истифода доданд

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо”-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” дар як баст 14 намуд маҳсулоти макаронӣ бо номи “Лазоли” истеҳсол шуда, дар он 35 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 3 ҳазор тонна мебошад.

Ин навъи маҳсулоти ғизоӣ ивазкунандаи воридот буда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд аст.

Фармоишгари асосии бунёди Корхонаи истеҳсоли макарон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” буда, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2021 оғоз гардиданд.

Масоҳати бинои истеҳсолӣ 0,50 гектарро дар бар гирифта, дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи навбунёд аз Италия харидорӣ ва насб гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии «Имод»-ро ифтитоҳ намуданд

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхона дар масоҳати 7 гектар замин бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, биноҳои зери сохтмон 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Баъди бунёди корхона дар ин ҷо имкон фароҳам омад, ки то 850 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд. 30 фоизи коргаронро занону бонувони хонанишини маҳаллаи гирду атрофи корхона аз ноҳияи Сино ташкил медиҳад. Аксари занон дар ин ҷо ба кори техникӣ — бандубасти таҷҳизоти барқӣ машғуланд. Дар рафти сохтмони корхонаи мазкур зиёда аз 300 сохтмончӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Файзи баракат»-ро ифтитоҳ намуданд

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат»-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи баракат” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев бо мақсади дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат ва дар доираи амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 1 гектар бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Корхонаи мазкур аз ҳисоби даромади софи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Сомон» бунёд гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 25 ҳазор тонна равғанро ташкил медиҳад.

Дар корхона дар як шабонарӯз 70 тонна ва дар як моҳ 2100 тонна навъҳои гуногуни равғани босифат истеҳсол мегардад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсолии «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оғоз бахшиданд

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ»-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот дар маҳаллаи “Деҳқонобод-2”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар масоҳати 5 гектар бунëд шуда, аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меëбад.

Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар як сол 27 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо чунин иқтидор корхона метавонад 35 фоизи талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд.

Барои интиқоли маҳсулот ба дукону мағоза ва бозорҳо 15 нақлиëти махсуси боркашонӣ харидорӣ шудааст. Корхона дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дорои анборҳо ва воситаҳои нақлиëти махсус мебошад.

Маҳсулоти корхона асосан дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва аз рӯйи нақша, дар оянда бояд содирот карда шавад.

Страницы