Ахбор

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Русия рафтанд.
 
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
 
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, молия, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сардори хадамотҳои гумрук ва иҷро, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Дар Тоҷикистон иҷозатномаи ворид намудани интернет ба ду ширкат супорида шуд

17 ноябр Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «ТТ Мобайл» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «Индиго Тоҷикистон» иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии интернетро супорид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.
 
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар идомаи андешидани тадбарҳои зарурӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро содир намуд.
 
Рӯзҳои наздик ҶСП «ТТ Мобайл» ва ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ба ворид намудани интернети баландсуръат шуруъ менамоянд, ки ин иқдом ба кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.
 
Ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба бахши телекоммуникатсияи мамлакат мусоидати фаъол менамояд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд

17 ноябр Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар

Охири моҳи ноябр дар Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад

Охири моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Даври чоруми озмун тариқи барномаи махсуси компютерӣ, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳия гардидааст, гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Страницы