Ахбор

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷузъи таркибии рушди иқтисоди давлатҳои аъзои СПЕКА номиданд

Истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷузъи таркибии рушди иқтисоди давлатҳои мо мебошад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА), ки 24 ноябр дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, баён намуданд.

«Мо дар Тоҷикистон ҷиҳати марҳила ба марҳила рақамӣ намудани ҳамаи соҳаҳои иқтисод, идораи давлатӣ ва бизнес саъю талоши зарурӣ ба харҷ медиҳем. Консепсия ва Барномаи рушди «Иқтисоди рақамӣ» қабул шудаанд», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.

Дар робита ба ин Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки дар чорчӯби Барномаи СПЕКА ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати рақамикунонии мубодилаи гуногунвасилаи маълумот ва санадҳо оид ба самтҳои транзитӣ дар долонҳои минтақавии нақлиётӣ фаъол карда шавад.

Ҷиҳати гузаштан ба ҳамкории бештар сифатноки давлатҳо дар соҳаи тиҷорати электронӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни фаъолияти тиҷоратӣ изҳори омодагии ҷониби Тоҷикистон карда шуд.

Пешвои миллат бо мақсади тақвияти ин раванд андешидани чораҳои заруриро оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки таъсиси  паркҳои технологӣ ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи технолгияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар Душанбе Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад

Зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар марҳалаи дарпешистода дар амал ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Барнома бошад.

«Дар чорчӯбаи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040», ки соли гузашта қабул гардидааст, мамлакати мо дар ин самт иқдомоти мушаххас меандешад. – таъкид намуданд Пешвои миллат. — Пешниҳод дорем, ки  дар пойтахти Тоҷикистон Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад».

Ёдовар мешавем, ки Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) 24 ноябр дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар кори Саммит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА)

Муҳтарам Илҳом Алиевич,
Ҳамкасбони муҳтарам,
Дӯстони гиромӣ,

Қабл аз ҳама, миннатдории амиқи худро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиев барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани саммит иброз менамоям. 

Озарбойҷони бародарро бо раёсати муваффақона дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) муборакбод мегӯям.

Инчунин, ба комиссияҳои минтақавии Созмони Милали Муттаҳид барои саъю талошҳои бисерсолаашон дар самти дастгирии техникӣ ва дигар кӯмакҳо ба фаъолияти СПЕКА арзи ташаккур менамоям.

Имсол мо солгарди таъсисёбии Барномаро ҷашн мегирем.

Тайи бисту панҷ соли гузашта сохтори мазкур дар рушди ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои иштирокчӣ саҳми муайян гузошт.

Фаъолияти он ба мусоидат кардан дар истифодаи оқилонаи захира ва имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди устувори ҳар як кишвар ва минтақа, дар маҷмуъ, равона шуда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ иштирок намуданд

24 ноябр дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.

Дар кори Саммит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози суханронӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои дар сатҳи баланд доир намудани Саммит ва меҳмоннавозии гарм ибрози миннатдорӣ намуда, ҳамзамон Озарбойҷони бародарро бо мизбонии муваффақона дар СПЕКА муборакбод гуфтанд.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар чаҳорчӯби СПЕКА аҳамияти хосса медиҳад.

Дар робита ба ин иброз гардид, ки тақрибан 30 фоизи гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои аъзои СПЕКА рост меояд.

Бештари кишварҳои иштирокчии СПЕКА дар байни шарикони тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол намуда, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СПЕКА соли гузашта 24 дарсад афзоиш ёфтааст.

Страницы