Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга мулоқот намуданд

3 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ муҳокима гардид.

Дар ин робита Сарвари давлати мо саҳми Бонкро дар маблағгузорӣ ба тадбирҳои мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирӣ аз онҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки умумиҷаҳониро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар соҳаи рушд арзёбӣ карда, аз сатҳи ҳамкориҳо бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) иштирок ва суханронӣ намуданд

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим дар робита ба истифодаи захираҳои табиӣ ва таъмини фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз мо муносибати дастаҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд.

Ба таъкиди Сарвари давлат офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.

Идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо, ба гуфтаи Пешвои миллат, метавонад дар оянда ба ҳаҷми захираҳои оби минтақа таъсири ҷиддии манфӣ ворид намояд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад. Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мебошад.

Таъкид гардид, ки бинобар тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳамасола селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳанд. Бар асари онҳо ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд ворид мешавад.  Дар баъзе ҳолатҳо онҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ба мақсади рушди тавлиди “энергияи сабз” ва кам кардани партовҳои карбонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқтидори нерӯгоҳҳои барқи обии худро то соли 2050 ду баробар зиёд намояд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим

Муҳтарам хонум Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон.

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои баргузории иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.

Страницы