Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров — бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик» баргузор гардид.

Кори ҳамоиши сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат: «Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод»

Аз нимаи дуюми солҳои 30-юм фаъолияти сиёсии Бобоҷон Ғафуров оғоз мегардад ва дар ин давра ӯ дар вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ кор намуда, то мақоми роҳбари аввали ҷумҳурӣ, яъне котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақт интихоб мешавад. Бобоҷон Ғафуров нахустин тоҷике буд, ки пас аз ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба чунин мақоми баланди сиёсӣ интихоб ва таъин гардидааст, иброз доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод. Соли 1942 мақолаи ниҳоят муҳимми Бобоҷон Ғафуров «Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони аҷнабӣ» ва баъдан соли 1944 дар заминаи он китоби «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» нашр мешаванд, ки дар роҳи баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии мардум ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ нақши муассир мегузоранд».

Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад

Имрўз, 5 декабр, соати 10:00 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 115-солагии...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд

4 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

Страницы