Ахбор

Соли 2024 дар Тоҷикистон Озмуни телевизионии «Латифаҳои Хоҷа Насриддин» баргузор мегардад

Аввалҳои соли 2024 дар Тоҷикистон Озмуни телевизионии «Латифаҳои Хоҷа Насриддин» баргузор мешавад. Дар ин хусус дар «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2022 тасдиқ гардидааст, иттилоъ дода шудааст.

Озмуни мазкур 1 апрели соли 2024 ҷамъбаст гардида, он ба муносибати қабул гардидани «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба феҳристи осори фарҳанги ғайримодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Моҳир инвест»-ро ба истифода доданд

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир инвест»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) аз тарафи соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов бунёд гардидааст.

Бо таъсиси корхонаи нави истеҳсолӣ 230 нафар, ки аксари онҳо сокинони  маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст амалӣ шуда, дар он асосан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла гаҷкартон бо профилу васлакҳои металлӣ, сақфҳои гаҷӣ (армстронг) ва хокаҳои сохтмонӣ (шпаклёвка ва штукатурка) ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

15 декабр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш, ки аз калонтарин иншооти тандурустии ноҳия ва ҳудуди вилояти Хатлон дониста мешавад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи лоиҳаи  «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», марҳилаҳои 2 ва 4-ум мавриди таъмири асосӣ ва таҷдиду барқароркунӣ қарор дода шуд.

Маҳз дар доираи ҳамин лоиҳа Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии шарикони рушд ба истиқболи санаҳои бузургу таърихӣ ва гиромидошти сатҳи баланд аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Акнун дар ин ҷо барои зиёда аз 200 ҳазор аҳолии ноҳияи Вахш имконоти бештари ташхису муолиҷа муҳайё гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш Маркази агрологистикии ҶДММ «Восток-1»-ро ифтитоҳ намуда, бо намоиши маҳсулоти саноатӣ шинос гардиданд

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восток-1»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази агрологистикӣ аз сардхона, коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос иборат мебошад. Иншооти нав ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Абдухолиқ Саидов ва ҷалби сармояи шарикони рушд бунёд шудааст.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сардхона барои нигоҳдории 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сардхонаи навтаъсис асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, картошка, пиёз ва сабзӣ захира шудааст.

Сардхона бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ноҳияи Вахш бунёд шуда, имкон медиҳад, ки меваю сабзавоти тару тоза дар ҳама фасли сол захира ва ба мардум пешниҳод карда шавад.

Страницы