Ахбор

Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис меёбад

Имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд мешавад

Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд гардад. Дар ин хусус  имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.

Соли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид

Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Пешниҳоди дахлдор имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.

Тамошои дастҷамъонаи Паёми Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар Кумита

28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки ҷараёни он ба таври мустақим тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ инъикос шуд.

Дар баробари дигар вазорату идораҳо дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тамошои дастҷамъонаи пахши мустақими Паёми Пешвои миллат ташкил карда шуд. Зеро ҳар як корманди Кумита ба хубӣ дарк менамояд, ки Паём дар фаъолияти рӯзмарраи онҳо ба сифати як раҳнамо ва барномаи хидматӣ истифода хоҳад шуд.

Страницы