Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд

10 январи соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар доираи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон якчанд санади нав ба имзо расид

8-9 январи соли равон сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид, ки дар ҷараёни он Раиси шаҳри Душанбе бо якчанд ширкати технологию инноватсионӣ ва маҷмааҳои таърихию фарҳангии шаҳри Теҳрон шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва баланд, аз ҷумла мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ, Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ баргузор гардиданд.

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ПАЁМИ ПАНДОМӮЗ

Аъзои маҳфили адабии “Хирадмандон”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати нахустин омўзиши   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023)-ро оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди омўзиш қарор доданд. Дар маҳфил намояндагони     шабакаҳои “Телевизиони Тоҷикистон”, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Сафина”, “Илм ва табиат”, “Ҷаҳоннамо”, Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳоти ахбори оммаи Тоҷикистон”, шабакаҳои “Садои Душанбе”, “Фарҳанг”-и Радиои Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Телерадиоком”, Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявї ва толибилмони синфҳои болоии МТМУ-и №100-и пойтахт фаъол ширкат варзиданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:

1. Аз 1 январи соли 2024:

— маоши вазифавӣ (меъёрҳои тариф)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шавад;

Страницы