Ахбор

«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ». Шарҳи коршиносон доир ба ҳадафҳои эълони ин сол

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Чунин нигоштаанд ҳуқуқшинонсони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мақолаашон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 ва тавзеҳот ба ин фармон имкон дод, ки чунин ҳадафҳои ин солро муайян ва ошкор намоем:

Дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО баргузор гардид

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссия Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти комиссия дар соли 2023 ва нақшаи корӣ барои соли 2024 баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ- ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии мамлакат ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии мамлакат ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссия намояндагони вазорату идораҳо сухан гуфтанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО барои соли 2024 тасдиқ гардид.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи кушодани Намояндагии доимии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид
оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) кушода шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва басти вазифавии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) — ро тасдиқ намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 январи соли 2024
№672

 

ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Киҳо барандаи он шуда метавонанд?

Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис меёбад. Барандагони Ҷоизаи мазкур онҳое мегарданд, ки дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ дастовард дошта, дар муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳақиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик», ки 5 декабри соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, дастур доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Страницы