Ахбор

Иди Сада дар Тоҷикистон ҳамасола бо намоиши техникаву таҷҳизот ва маҳсулоти кишоварзӣ таҷлил карда мешавад

28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардид.

Сада яке ҷашнҳои қадимии мардуми тоҷик мебошад, ки аз қадимулайём онро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Тавре Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми ҷумҳуриамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат менамояд».

Ҷашни Сада аз сипарӣ шудани фасли зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва оғозёбии кори деҳқон мужда мерасонад. Фарорасии ин ҷашн аз рӯйи солшумории хуршедӣ ба рӯзи даҳуми баҳманмоҳ ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба охири моҳи январ рост меояд. Сада пас аз ба охир расидани 40 рӯзи шаби Ялдо ҷашн гирифта мешавад, ки гувоҳи пирӯзии гармӣ бар сардӣ аст.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.

Ниёгони ориёитабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.

Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд.

Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басо деринаи мардуми мо мебошад.

Дар муҳити зиндагии ориёиёни қадим тақвимҳои мардумӣ шакл гирифта, гузаштагони мо аксари маросиму ҷашнҳоро дар асоси онҳо таҷлил мекардаанд.

Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол ойину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд.

Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб мекунанд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи талаботи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият барои аз вазифа озод намудани муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид, Рофизода Мирзоамон Ҳамдам, муовини Прокурори генерали-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Икром Оймаҳмад ва ҷиҳати таъйин намудани Каримзода Умед Раҳматшо ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ, Азимзода Сарвар Бозор муовини Прокурори генералӣ, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Хамчунин, тибқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои ба вазифаи муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин намудани Ҳабибулло Амирбекзода ва Мусо Мирзозода розигӣ доданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилояти Хатлон, прокурори шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияҳои Сино, Кӯшониён таъин гардиданд.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафарзода Лашкар Аслам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№АП-499

 

Страницы