Ахбор

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон изҳори сипос намуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои ҳунарнамоии шоён дар Ҷоми Осиё-2023 изҳори сипос намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон муваффақият таманно намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабл аз бозии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллии мамлакат мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар бозии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ташриф оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Страницы