Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Нашр шуд. Душ, 05/02/2024 - 14:31
Дар асоси мувофиқаи дуҷониба, аз 30 январ то 5 феврали соли 2024 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки иштироки худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа анҷом дод, ба Ватан баргашт.



