Ахбор

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама
намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2025
№915

 

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 9 январи соли 2025 №29
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори генералии
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»
озод намудани Абдуллоев А.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдуллоев Абдулло Қобилбекович бинобар вафоташ аз вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани хизматчиёни ҳарбии
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Полковники гвардия Шарипов Шавкат Сафарович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати корҳои Фармондеҳии Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Полковники гвардия Замонов Абдувоҳид Давлатович бинобар вафоташ аз вазифаи сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
9 январи соли 2025
№913

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

9 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон, прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Бохтару Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъйин гардиданд.

Дар ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиа, низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, командирони баъзе аз  воҳидҳои низомӣ ва комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷрибаву хатмкардагони ду муассисаи олии низомӣ ба ин вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин гардиданд.

Страницы