Ахбор

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри миллат идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона хайра мақдам гуфта, зикр намуданд, ки “мардумони Тоҷикистону Эронро муштаракоти безаволи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд”.

Таъкид гардид, ки “нақши муассири ин муштаракот дар таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамкеш ва бародари мо сол ба сол бештар эҳсос мегардад”.

Аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Зимни музокирот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорию гардишгарӣ, амният, илму фарҳанг, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, доруворӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз зарфиятҳои нақлиётиву транзитии Эрон, бахусус бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба нафъи ҳарду ҷониб номида шуд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон  160 ширкат бо сармояи эронӣ фаъолият дорад ва соли 2024 ҳаҷми интиқоли молу коло нисбат ба ду соли пеш 3,2  баробар афзоиш ёфт.

Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Қасри миллат

16 январ маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

Зимни суҳбати кӯтоҳ, ки дар толори фурудгоҳ баргузор гардид, сарони ду давлат доир ба барномаи нахустин боздид ва сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон табодули назар намуда, аз ҷумла изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг саҳифаҳои нав боз мекунад.

Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 15 то 17 январ дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла тиҷорию сармоягузорӣ ва илмию адабӣ дар назар аст.

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»

Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.

Мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат намуд.

Дар идомаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии рушди соҳибкориву сармоягузорӣ бо иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид ва бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2025, №915 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.

Тибқи фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати татбиқи он пешниҳод менамояд.

Страницы